Ҳазрати Мӯсо
Ҳазрати Мӯсо дар хоб ба нерӯи нафароне ишора мекунад, ки ҳақ ва боадолат ҳастанд ва ғолибият бар нафароне аст, ки ноҳақу беадолат ҳастанд. Ҳамзамон чунин хоб ба марги шахси золиму ситамгаре ишора мекунад. Таъбири дигари хоб дидани ҳазрати Мӯсо нишонаи аз сар гузаронидани дарду аламҳо дар даврони кӯдакӣ ва аз наздикону оилаи худ ҷудо шуданро дорад. Нафаре, ки ҳазрати Мӯсоро асо дар даст хоб мебинад, ба мавқеи баланд расида, душманонро мағлуб мегардад.
Ҳазрати Юнус
Ҳазрати Юнусро нафаре хоб мебинад, ки бо сабаби шитобкорӣ маҳбасӣ гашта ё дар ҳоли душворе афтода, дучори мушкилӣ мегардад, вале баъдан аз тамоми мусибати ба сараш омада раҳо меёбад. Ин хоб шаҳодати он аст, ки нафари чунин хобдида асабиву бадҷаҳл аст.
Ҳазрати Юсуф
Ҳазрати Юсуфро хоб дидан шаҳодати он аст, ки шахси чунин хобдида маҳбасӣ ва озод мегардад, ҳамзамон хоби мазкур дар миёни бонувон муваффақ шудан ё таъбири хобро донистани инсонро пешгӯӣ мекунад. Рафту зани нодоре ҳазрати Юсуфро хоб бинад, вазъи молиявиаш рӯ ба беҳбудӣ меорад ва баъди марг хушбахтӣ насибаш мегардад. Шахсе, ки ҳазрати Юсуфро хоб мебинад, дӯстону наздиконаш дар назди ӯ сар ба саҷда мегузоранд, ин нафар некиҳои зиёд ва садақа мекунад. Ҳамзамон нафаре, ки ҳазрати Юсуфро дар хоб мебинад, дучори мусибате мегардад ва бародаронаш ба ӯ зарар мерасонанд, баъдан ин нафар бар душманони худ ғолиб меояд.
Ҳазрати Яъқуб
Ҳазрати Яъқубро дар хоб дидан маънои аз ғаму ғуссае, ки бо сабаби аз даст додани чизе ё касе сар мезанаду баъдан оқибаташ нек мегардад, раҳо ёфтанро дорад.
Ҳазрати Яҳё
Ҳар нафаре, ки дар хобаш ҳазрати Яҳёро мебинад, он нафар бо амри Оллоҳ порсову Худотарс мегардад.
Ҳалқаи дар
Нафаре, ки дар хобаш ҳалқаи дар (дарвоза)-ро меқапад, ин нафар дар дини ислом низ имони мустаҳкам дорад. Кашидани ҳалқа ё дастаи дар маънои онро дорад, ки шахси чунин хобдида ба амали лоиқи ҷазо даст мезанад.
Ҳалқаи дор
Ҳалқаи дор дар хоб бадхоҳӣ, обрӯву нуфуз ва шуҳрат аст. Эҳтимол он ба шубҳа ва айбдоркунӣ ишора намояд.
Ҳамдуна
Ҳамдуна дар хоб рамзи душман, гуноҳ ва ғазаби Оллоҳ аст. Ҳамзамон ҳамдуна дар хоб нафари бадбахту камбизоате аст, ки аз неъмат ва некӣ маҳрум гаштааст. Марде, ки дар бистари шиноси худ ҳамдунаро хоб мебинад, бо зани ӯ даст ба зино мезанад. Дар хоб задани ҳамдуна нишонаи бемор шудану баъдан шифо ёфтан аст. Агар шуморо дар хоб ҳамдуна газад, бо нафаре баҳсу мунозира мекунед.
Ҳаммом
Дар хоб дидани ҳаммом бо зан алоқамандӣ дорад. Агар ҳаммом зебову хушбӯй бошад, пас зани нафаре, ки чунин хоб дидааст, хислатҳои неки инсонӣ дорад. Ҳамзамон хоб дидани ҳаммом ба оромиш ва пешгирӣ аз бадиву ҷаҳолат аст.
Ҳазрати Одам
Нафаре, ки Ҳазрати Одамро дар хоб бубинад, қудрати беандоза ба даст меорад. Ҳар нафаре, ки Ҳазрати Одамро хоб мебинад, олим мешавад. Бо Ҳазрат ҳамсуҳбат гаштан маънои онро дорад, ки инсон ба васвасаи душманон гирифтор шудааст ва баъди чанде аз доми макру фиреб раҳо меёбад. Пайдо шудани Ҳазрати Одам дар хоб аз манзили зист кӯчиданро пешгӯӣ мекунад.
Ҳайз
Зане, ки худро дар ҳоли ҳайз хоб мебинад, гунаҳкор асту корҳояш чигилу бенизом аст. Рафту дар хобаш зан оббозӣ кунад, тавбаву тазарруъ мекунаду ташвишҳояш рафъ мегарданд. Ҳайз дар хоб нишонаи заифии дину имон, рӯзаву намоз аст. Зани бе фарзанд агар худро дар ҳоли ҳайз хоб бинад, ҳомила ва соҳиби фарзандони зиёде мегардад.
Ҳасад, бухл
Нафаре, ки дар хобаш ба касе бухлу ҳасад мебарад, бадахлоқ аст ва шахсе, ки ба ӯ ҳасад мебаранд, парҳезгор аст. Ҳасад ҳамчунин нишонаи камбағалӣ, қаҳру ғазаб ва ғурур барои шахси ҳасадхӯр асту барои шахсе, ки ба ӯ ҳасад мебаранд, давлату дороӣ аст.
Ҳамдардӣ
Дар хоб ба нафари сарватманду доро ҳамдардӣ зоҳир намудан нишонаи зарар ва зиёне аст, ки ба ӯ мерасад. Нафаре, ки дар ҳолати душвор қарор дорад, ҳамдардӣ дар хоб нишонаи умеду аз душвориҳо раҳо ёфтан аст. Шахсе, ки дар хобаш ба нафари дар ҳолати мушкил қарордошта ҳамдардӣ баён мекунад, дар бедорӣ ба осудагӣ ва бехатарӣ мерасад ё хабари хуш мешунавад. Дар хоб ҳамдардӣ баён намудан ба нафаре, ки ба сараш бадбахтӣ наомадааст, шаҳодати сар задани ҳодисае аст, ки бо сабаби он одамон ҳамдардии худро баён мекунанд.
Ҳамён
Ҳамёни пур аз пул дар хоб нишонаи комёбӣ, сарватмандӣ аст, ҳамёни холӣ нишонаи қашшоқиву бенавоӣ ва санҷишу имтиҳон аст.
Ҳаҷ
Нафаре, ки дар хоб зиёрати Макка, Ҳаҷ ва тавофи хонаи Худо мекунад, имонаш мустаҳкам мегардад, ин нишонаи бехатарӣ дар зиндагӣ, пардохт намудани қарзҳо, баргардонидани амонат ва ба боварӣ даромадани ӯ аст. Шахси дар сафарбуда Ҳаҷро хоб бубинад, ба мақсад мерасад, агар бо савдо машғул бошад, даромади калон ба даст меорад, агар бемор бошад, шифо меёбад, агар қарздор бошад, қарзашро пардохт мекунад, рафту Ҳаҷ накарда бошад, Ҳаҷ мекунад. Нафаре, ки дар хобаш сари вақт Ҳаҷ мекунад, дар бедорӣ ба орзуяш мерасад.
Мӯрча
Мӯрча дар хоб ҳамчун мардуми заиф таъбир мегардад. Шахси бемор дар бадани худ мӯрча хоб бинад, вафот мекунад. Ҳамзамон мӯрча дар хоб нишонаи серҳосилӣ ва насибаи Оллоҳ аст. Нафаре, ки ба хонаи худ даромадани мӯрчаро хоб бинад, бурдбориву неъмат ба манзилаш ворид мегардад. Ҳамзамон мӯрча дар хоб нафаре аст, ки меҳнати зиёд мекунаду ба дӯсти худ фоида мерасонад. Нафаре хоб бинад, ки мӯрча аз манзилаш чизеро мебарад, ҳама чиро аз даст дода қашшоқ гашта метавонад. Мӯрчаро дар мӯрчахона хоб дидан, рамзи хушбахтӣ ва хушҳолии оилавӣ аст. Рафту аз мӯрчахона мӯрчаи зиёде берун ояд, чунин хоб нишонаи сар задани бадбахтиву мушкилиҳо аст.
Ҳиққак
Ҳиққак дар хоб далолат аз бемории вазнин ё ғазабу сухани қабеҳ аст.
Ҳино
Мӯйи худро ҳино бастан нишонаи он аст, ки шахси хобдида нақшаву ниятҳои худро аз дигарон пинҳон медорад. Рафту мӯй ранг нагирад, пас шахси хобдида нақшаҳои худро пинҳон намесозад.
Ҳомиладорӣ
Агар мард дар хоб бубинад, ки занаш ҳомила аст, хушиҳои зиндагӣ насибаш мегардад ё хабари хуш мешунавад. Нафаре, ки худро ҳомиладор хоб мебинад, сарваташ афзун ва зиндагии осоишта насибаш мегардад. Рафту духтари хона ё зани бе шавҳар дар хоб худро ҳомила бубинад, ба шавҳар мебарояд. Зани пиронсол ҳомиладорӣ хоб бубинад, бемор мегардад.
ДАР БОБИ ЗАНИ ҲОМИЛА, ТИФЛИ НАВЗОД ВА ҚӮЧАК
— Аввалин маротиба, ки тифл дар шиками модар мечунбад, дар ҳамин лаҳза ҳар кас дар рӯ ба рӯи модараш нишаста бошад, навзод ҳамшакли ӯ хоҳад шуд. — Агар ба фарқи кӯдак зада шавад, он кӯдак ятим гардад. — Агар домани духтареро тифле аз акиб бигирад, он духтар қадкутоҳ шавад. — Агар донистан хоҳед, ки зани ҳомила писар мезояд ё духтар, ӯро назди худ бихоҳед. Ҳар гоҳ пои росташро нахуст пеш ниҳод, фарзандаш писар аст ва агар пои чапашро нахуст пеш гузошт, тифлаш духтар бувад. — Агар зани ҳомила ба туршй зиёд алоқаманд бошад, писар мезояд ва агар ба ширинй бештар рағбат дошта бошад, духтар ба дунё меорад. — Агар зани ҳомила дар чумча об бихӯрад, тифлаш носолим таваллуд шавад ё бинии навзодаш калон хохад буд. — Агар зани ҳомила болои наноза (мурда) бира вад, занахи тифли ӯ ларзонак хохад шуд. — Агар зани ҳомила дар мавкеи хусуф ба бадаии худ ангушт бигузорад, хамон қисмн вучуди тифлаш сиёқ шавад. — Агар зани ҳомила дар мавқеи хусуф ба қайчи даст бнзанад ва ё пиёзро бо корд катъ кунад, тифлаш маъюб ба дунё ояд. — Агар зани ҳомила зиёд кор бнкунаду бисер роҳ бигардад, тифлаш писар аст ва агар бихӯраду бихо бад, тифли у духтар хоҳад буд. — Агар зани ҳомила луфчаки — ҳезуми нимсӯхтаро аз хонаи ҳамсоя бидуздад, тифлаш мӯснёҳ ба дунё ояд. — Агар зани хомила чизеро майл кунаду он чиз барояш муяссар нашавад, чашми тифлаш оҳул (олус) шавад. — Агар зани хомила чусту некӯрӯй ва хандону хушхӯй бошад, писар ва агар макбузу туршруй ва коҳилу бадхӯй бошад, духтар мезояд. — Агар зани ҳомила гизои зери косаро бихурад, тифли зебосурат дармеёбад. — Агар зани ҳомила хангоми ба сараш мондани кадре намак даъфатан дасташро ба фарқаш бикашад, писар ва агар ба рӯяш бикашад, духтар таваллуд кунад. — Агар зани ҳомила ҳезумро сарчаппа ба зери дег бигузорад, тифли он зан сарчаппа таваллуд шавад. — Агар занахи зане бихорад, дар хонаи яке аз акорибаш тифле ба дунё ояд. — Агар тарафи рости занах бихорад, навзод писар бувад ва агар тарафи чапи он бихорад, тифл духтар хоҳад буд. — Агар касе як дасти тифлро бибӯсад, он тифл ночур (бемор) шавад. — Агар кулоҳи тифле давр дода шавад, он тифл сардард хохад шуд. — Агар кӯдаке то болиг шудани худ цағзн сапи ягон ҳайвонро бихӯрад, зери бағалаш бӯи ба пайдо кунад. — Агар нӯки пистони зани ҳомила сиёҳранг бошад, духтар ва агар хурмой бошад, писар мезояд. — Агар синаи рости эани хомнла бузург шавад, тифлаш писар бувяд ва агар синаи чанаш бузург шавад, тифли у духтар аст. — Агар тифл наздики оташ чуби нимсӯхтаро ба даст бигирад на онро дар ҳаво 6а хар тараф харакат бидихад, яьне оташбози бикунад, шаб бистари худро тар кунад. — Агар тифл ба бинии худ зиёд даст бизанад, он тифл мариз хохад шуд. — Агар тифлак гулудард шавад, модар бояд мӯи худро ба рӯи пистонаш шона кунад ва баъд барои тифли мариз шир бидиҳад. — Агар тифле дар хона ишпилок бизанад (яъне ҳуштак бикашад), дар он хона шайтон хоҳад омад. — Агар тифле забони худро берун кунад, хонаводаи он тифл ба чое кӯч хохад кард. — Агар тифле пойҳояшро болои ҳамдигар бигузорад, он тифл ба беморй мубтало гардад. — Агар тифли кучакро дар оина нишон бидиҳанд, он тифл мариз шавад. — Агар тифли навзод танхо гузошта шавад, ӯро Модар-ол (Девкампир) хохад зад. Аз ин рӯ бояд ҳамеша корд ё кайчй назди вай гузошта шуда бошад. — Агар шахсе ба сӯи тифли навзод ба назари таҳсин бубинад, ба ӯ гуфта шавад: «Паси поят хун шуда», дар он сурат тифл аз газанди назари ӯ дар амон хоҳад монд. — Агар қанчй болои сари тифли навзод давр дода шавад, он тифл ҷасур хоҳад шуд. — Агар ҳамсояи зани ҳомила ғизое пухта бошад ва он зан аз он ғизо умедвор шуда бошаду аммо ҳамсояаш барои ӯ надихад, чашми тифлаш сабз хохад шуд. — Болои дари утоке, ки дар он чо тифл хобида бошад, каме испанд бубандед, ки то ачонат вориди уток нашавад. — Вақте ки тифл аз бистар берун рафт, як дона пиёзро ба нӯки корд зада болои бистари ӯ гузоред, то тифл аз газанди ачонат дар канор бошад. — Зане, ки бо худ таъвиз (тӯмор) дошта бошад, набояд ба дидани навзод биравад, дар ғайри он тифл ба хатароти баде рӯ ба рӯ хохад шуд. — Зане, ки ҷин дошта бошад, набояд ба аёдати зани навзод биравад, дар акси он тифли ӯ низ ба марази чинзадагй гирифтор шавад.
Кӯдак то хангоме, ки калиман «санг»-ро бар за6он наёрад, ширдони сараш — нармии фарки у сахт нагардад.
Дар
Дарро хоб дидан ҳамчун сарчашмаи даромад таъбир мегардад. Аз дари танг ба ҷои кушоду барҳаво баромадан нишонаи аз камбағалӣ ба дороӣ расидан аст. Қисмати болоии дари хона маънои шавҳар ва қисмати поёнияш маънои занро дорад. Нафаре, ки хонаи худро дар коми оташ хоб мебинад, дучори бадбахтӣ мегардад. Дари хонаи худро дар хоб ивазшуда дидан, маънои фурӯхтани хонаро дорад. Рафту мард чунин хоб бубинад, баъди аз занаш ҷудо шудан, занаш шавҳари дигар мекунад. Баъзе уламо бар он ақидаанд, ки дари кушода хоб дидан маънои хабари хуш шуниданро дораду дарҳои баста аз сар задани ҳодисаҳои ногувор нишона аст. Дар хоб аз дар ё дарвозае ворид гаштан ба комёбӣ расидан ё муваффақ шудан аст. Мард агар дари борик хоб бубинад, аз хиёнати занаш хабар меёбад.